Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон имсол 35,4 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст

 

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз аввали сол то аввали даҳаи сеюми моҳи октябри соли равон 41,7 фоиз ё 35,4 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст. Аз Тоҷикистон то 21 октябр ба хориҷа беш аз 120,4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи зиёда аз 17,1 миллион доллар бароварда шудааст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 35,4 ҳазор тонна ё 41,7 фоиз зиёдтар арзиш дорад.

Дар ин бора  аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ин давра беш аз 90,8 ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 90,2 ҳазор тонна пиёз, 12,1 ҳазор тонна мева, 95 тонна харбуза, зиёда аз 15,4 тонна меваи хушк ва 1,9 ҳазор тонна дигар навъҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ содир шудаанд.

Инчунин то 23 октябри соли равон дар мамлакат 243,2 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (217 ҳазору 13 тонна) беш аз 93,8 тонна зиёд аст.

То имрӯз беш аз 91 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шудааст, ки 31,1 ҳазор тоннааш ба вилояти Суғд, беш аз 26,7 ҳазор тонна ба вилояти Хатлон ва 35,9 ҳазор тонна ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *