Солҳои охир дар миқёси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рўи барномаи маҷмуавии рушди соҳаи қутоспарварварӣ барои солхои 2018- 2022 корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Саршумори қутос зиед гардида, барои рушди соҳа аз ҷониби ҳукумат барои чорводорон шароити зарурӣ муҳайё гардид. Иқлими мусоид барои нигоҳубини ин чорво ва зиед намудани саршумори ин чорвои кухии камхарҷ дар навоҳии Мурғоб, Рошткалъа ва Рушони вилоят ба роҳ монда шуд.
Агарчи солҳои пеш саршумори қутос 7 – ҳазорро ташкил дода бошад, ба ҳолати имруза теъдоди он дар тамоми шаклҳои хоҷагидорӣ ба 26 – ҳазору 406 сар расидааст. Масъулин соҳа бар он назаранд, ки соҳаи кутоспарварӣ дар мавзеъи баландкуҳи Мурғоб заминҳои доманфароҳи ноҳияи Мурғоб, ки иқлими сарду хушк дорад, барои нигоҳубини қутос мусоид аст. Аз руи иттилои раёсати кишоварзии вилоят дар заминҳои доманфароҳи ноҳияи Мурғоб, ки дорои 600 – ҳазор гектар чарогоҳҳо аст, ба парвариши он диққати зарурӣ равона гардидааст. Сармутахасиси раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Алибеков Мамадбек мегуяд, ки: «Дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон қутосҳо асосан барои истеҳсоли гушт, шир ва пашм парвариш карда мешавад. Маҳсулоти гушт ва шири ин чорво аз дигар навъи чорвои калони шохдор нисбатан арзон буда, талаботи аҳолӣ ба он бештар мебошад.»
Дар мавзеъи Ҷавшангози водии Роштқалъа беш аз 1900 – сар қутос нигохубин карда мешавад. Шароити ин мавзеъ барои рушди соҳа қулай буда, сокинон дар боз ҳам равнақ додани соҳа кушиш ба харҷ медиҳанд, зеро дар баробари истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ҳамчунин барои ба фурўш баровардани маҳсулоти гуштӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза фоидаи зиёд ба даст меоранд. Дар ин бора Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Алибеков Мамадбек гуфт, ки: «Дар ноҳияи Роштқалъа низ самти соҳаи қутоспарварӣ ҳамасола рушд намуда истода дар доираи барномаи маҷмуавии рушди соҳаи қутоспарварварӣ барои солхои 2018- 2022 саршумори он сол ба сол зиёд шуда истодааст. Имсол шароити хуб муҳайё гардида чорводорон алакай зиёда аз 3452 сар қутос насл гирифтаанд. »
Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи қутоспарварварӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон амалӣ гардида, имрўз маҳсулоти истеъмолии бозорҳои вилоят аз гуштро чорводорони ноҳияи Мурғоб таъмин менамоянд. Ҳамарўза садҳо тонна гушти аз чиҳати экологӣ тоза ва бв саломатӣ фоидаовар дар бозори маркази вилоят пешкаши харидорон мегардад.
Сафармои Маҳмадфозил
Радиои Тоҷикистон