5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон, ҳайати бонуфузи Чин зери роҳбарии муовини мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, директори генералӣ ва сармуҳаррири Медиакорпоратсияи Чин «CMG» Шэн Хайсюн ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон омада, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта шуд, ки ҳайати меҳмонон бо таъриху тамаддуни бисёрҳазорсола, дар асоси ёдгориҳои нодири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён дар он нақши муассир доштанд, аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.
Таъкид гардид, ки диққати меҳмононро бозёфтҳо ва нигораҳои «Саразм», «Империяи Кушониён», «Панҷакенти қадим» ва гӯшаи Чин оид ба туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар ба худ ҷалб намуд.
Дар охир, ҳарду ҷониб ҳамчун рамзи эҳтирому дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»