Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сарфарозам ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро иброз намоям.
Пирӯзии Шумо дар интихобот, қабл аз ҳама, нишони эътимоди ҷомеаи Эрон ба барномаву ниятҳои созандаи Шумо ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Эрон аст.
Тоҷикистону Эронро муштаракоти зиёди фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд, ки заминаи мусоид барои таҳкиму тавсеаи пайвастаи равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи кишварҳои мо мебошанд.
Бо истифода аз ин фурсат алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро ба густариши беш аз пеши ҳамкории дуҷониба бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум, эҳтиром ва эътимоду эътиқоди холисона ба якдигар таъкид менамоям.
Ҳамзамон бо ин, идомаи муколамаи сатҳи олиро василаи муҳимми пешбурди ин раванд ва посухгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистону Эрон медонам.
Дар ин робита бо камоли майл Шуморо ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон дар аввалин фурсати бароятон муносиб даъват менамоям.
Ба Шумо сиҳатмандии комил ва дар татбиқи барномаву ниятҳои некатон дар маснади олии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон комёбиҳо, ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва шукуфоии рӯзафзун орзу дорам».