Бегоҳии рӯзи 5 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин, ки бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар қароргоҳи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо самимияти хосаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.Шоми дӯстӣ ба истиқболи меҳмони олимақом, роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон Си Ҷинпин дар фазои дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии хоси тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.Роҳбари ҳамсоякишвари бузурги Тоҷикистон муҳтарам Си Ҷинпин бо намоиши маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ, ки дар деҳқадаи бӯстонсаро омода шуда буд, шинос шуда, таассуроти нек бардоштанд.