6 нафар хонандагони синфҳои 7-9-и кишвари азизамон дар 28-умин Олимпиадаи байналмилалии математикии наврасони Балкан «JBMO» аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки аз ин шумора 4- нафарашон таълимгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба ҳисоб мераванд.
- Юсупов Меҳрубон хонандаи синфи 9- уми Литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон, ҷойи 2- юм.
- Шаропов Сино хонандаи синфи 9- уми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷойи 2- юм.
-Абдул Рахман Мустафо хонандаи синфи 9- уми Мактаби байналмиллалӣ дар шаҳри Душанбе ҷойи 2- юм.
-Абдуллоев Бенжамин хонандаи синфи 8- уми Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе” ҷойи 3 – юм.
Олимпиадаи мазкур аз 25 то 30 июни соли 2024 дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда, дар он наврасони зиёда аз 20 давлати дунё иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ 6 нафар хонанда намояндагӣ намуд. Хушбахтона, ҳамаи хонандагони тоҷик тавонистанд дар ин сабқати илмии байналмилалӣ шарафи ҷумҳуриро баланд бардошта, сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ гарданд.
Ин дастовард шаҳодати он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Дар Олимпиада, аз ҷумла аз Фаронса, Туркия, Хорватия, Сербия, Албания, Руминия, Македония, Босния ва Герсоговина, Черногория, Молдавия, Юнон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Булғористон, Озарбойҷон, Филиппин, Кипр ва ғ. дар ҳайати як дастаи иборат аз 6 нафар хонандагони синфҳои 7-9 (то 15-сола) иштирок намуданд.