Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Чумхурии Тоҷикистон мизи гирди илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» доир гардид. Дар ҳамоиш доир ба таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти сиёсии ҷомеа ва масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасии коршиносон ва аҳли нишаст қарор гирифт.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш таҳлилу арзёбии заминаю омилҳои тақвиятбахши суботи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дар ин замина таҳияи тавсияҳо доир ба равандҳои пурзиддияти муосир ва таъсири онҳо ба суботи сиёсӣ, нақши маориф дар ташаккули шуури ҷамъиятӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ, мавқеи ВАО дар таҳкими суботи сиёсӣ ва мусоидат ба устувории фазоии иттилоотии кишвар дар қиболи ин падидаҳо, бартарафсозии чанбаҳои осебпазири суботи иқтисодӣ ва роҳҳои мусоидат ба рушди стратегии сиёсати давлатӣ дар қаринаи таҳдиду чолишҳои муосири байналмилалӣ дар шароити имрӯза аст.
Дар ҳамоиш ба масъалаҳои худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи истиқлоли сиёсӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар фикру андешаҳои ҷолиб иброз гардид, ки муҳиммият ва эътибори авалиндараҷаро талаб менамоянд.