Ин лаҳзаҳо дар Кохи Сомон Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” оғоз гардид.
Интизор меравад, ки дар ифтитоҳи конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намоянд.
Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ аз Кохи Сомон хабар медиҳад, дар кори Конференсия иштироки зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ наздик сесад нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ иштирок менамоянд. Намояндагони ВАО дар ду толори алоҳида ҷойгир карда шудаанд.