Пас аз чанд лаҳза дар Душанбе Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об оғоз мешавад

Пас аз чанд лаҳза дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз мегардад ва то 13 июни соли равон идома меёбад.

Интизор меравад, ки дар маросими кушодашавии Конфронс Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намоянд.

Раванди оби Душанбе – ин ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 буда, силсилаи конфронсҳоеро, ки ҳар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид гузаронида мешаванд, дар бар мегирад. Ҳамраисони конфронсҳо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Дабири кулли СММ, роҳбари департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ мебошанд.

Дар доираи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки заминаеро барои пайгирӣ ва пешбурди иҷрои ӯҳдадориҳои ихтиёрӣ, ки дар Рӯзномаи амал оид ба оби Конфронси оби СММ дар соли 2023 ба қайд гирифта шудаанд, фароҳам оварда, ҳамчунин барои ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидани амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 мусоидат намояд. Дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» беш аз 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, аз 100 давлати чаҳон намояндагони ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, 62 созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд, ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок мекунанд.

Барои инъикоси кори Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», зиёда аз 300 нафар намояндагони ВАО аз маҳалӣ ва хориҷӣ сабти ном шудаанд.Дар доираи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад, ки барои назорат ва пешбурди натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 платформаи мувофиқ таъмин намояд. Дар ин асос, сохтори барномаи Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об мувофиқ ба сохтори барномаи Конфронси оби СММ панҷ муколамаи интерактивиро дар бар мегарад, ки дар доираи онҳо раванди муваффақияти бадастомадаро аз замони Конфронси оби СММ то ба ҳол баррасӣ хоҳад шуд.

Дар доираи Конфронси 3-юми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об панҷ муколамаи интерактивӣ баргузор мешавад.


Муколамаҳо мавзӯъҳои зеринро дар бар мегиранд, ки мувофиқ ба мавзӯҳои Конфронси обии СММ дар соли 2023 мебошанд:
Муколамаи интерактивии -1. (Об барои саломатӣ:
Муколамаи интерактивии -2. Об барои рушди устувор:
Муколамаи интерактивии -3. Об барои иқлим, устуворӣ ва муҳити зист:
Муколамаи интерактивии – 4. – Об барои ҳамкорӣ:
Муколамаи интерактивии – 5. Даҳсолаи амал оид ба об:
маркази матбуотии макони баргузории конфронс ду толор ташкил гардида, дар онҳо барои кори рӯзноманигорон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Интизор меравад, ки Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал оид ба об дар шакли ҳузурӣ баргузор гардида, сатҳи баланди муносибат ва ҳамкории муттақобиларо байни ширкаткунандагон таъмин менамояд ва инчунин тавассути YouTube ва дигар шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ пахш мешавад.

Машраби Холмаҳмад,

Радиои Тоҷикистон