Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар шаҳри Кӯлоб низ сокинон аз субҳи барвақт бо як рӯҳияи идона ва дарки баланди масьулиятшиносиву ватандӯстӣ ба участкаҳои интихоботӣ омада, ба хотири фардои дурахшони ватан ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз дода истодаанд.
Ҷавонони меҳанпараст ва пирони рӯзгордидаи шаҳри Кӯлоб вобаста ба ҳолати хатарноки коронавирус аз субҳи барвақт ба участкаҳои интихоботӣ омада, бо риояи қоидаҳои санитарӣ бо райъи худ ба хотири ояндаи дурахшони мамлакат саҳм гузошта истодаанд. Зимни суҳбат сокинони ин шаҳри бостонӣ иброз намуданд: ҳар шахсе, ки ба синни 18 расида, ҳуқуқ ба овоздиҳӣ дорад бояд дар ин маъракаи барои ояндаи кишвар муҳим иштирок кунад ва мавқеи худро вобаста ба интихоби Президенти ояндаи мамлакат муайян кунад.
Дар участкаи интихоботии 11—и ҳавзаи ҷумҳуриявии Кӯлоб №45 сокинон бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бюлетенҳои интихоботиро дастрас намуда, ба ҷонибдории номзади арзандаи худ овоз дода истодаанд. Раиси участкаи мазкур Нозира Ҳадарова зимни суҳбат иброз дошт, ки дар ин участка 1234 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст. “То ин дам як қисмати онҳо алакай омада, мавқеи худро дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ муайян карданд”.
Суратгузориш аз рафти интихобот дар шаҳри Кӯлоб
Бояд гуфт, ки баргузории интихоботи таҳти назорати бевоситаи мушоҳидони миллӣ сурат гирифта истодааст. Аъзои комиссияи участкавӣ бо лавозимоти тиббии пешгирикунанда аз коронавирус таъмин мебошанд.
Саъдӣ ҒОИБОВ,
аз шаҳри Кӯлоб махсус барои сомонаи Радиои Тоҷикистон