Рафти интихобот дар ноҳияи Дарвоз

Субҳи имрӯз шуруъ аз соати 6:00 дари ҳамаи участкаҳои интихоботӣ дар ҳавзаи интихоботии Дарвоз – 20 ба рӯи интихобкунандагон кушода шуда, баъди садо додани Суруди миллӣ онҳо барои овоз додан ба номзади арзандаи хеш, яке пайи ҳам вориди нуқтаҳои овоздиҳӣ мешаванд. Дар участкаи интихоботии Қалъаи хумб – 11 интихобкунандагон бо руҳияи болида барои овоздиҳӣ меоянд.

Қобили таъкид аст, ки дар участкаи интихоботии мазкур тамоми шароит барои овоздиҳии бемамониати интихобкунандагон фароҳам оварда шуда, дар ин миён бо назардошти пешгирӣ аз паҳншавии вируси нави COVID – 19 ҳамаи чораҳои беҳдоштӣ андешида шудаанд. Аз ҷумла, дар даромадгоҳи участкаи интихоботӣ маҳлули безараргардонӣ гузошта шуда, ҳарорати райъдиҳандагон пеш аз ворид шудан ба участка санҷида мешавад. Инчунин, аъзои комиссияи участкавӣ ва мушоҳидон бо ниқоб, дастпўшаку айнак таъмин буда, бо риояи фосилаи иҷтимоӣ фаъолият карда истодаанд.

Участкаи интихоботии Қалъаи хумб дар маркази ноҳияи Дарвоз ҷойгир буда, дар он интихобкунандагони деҳаи Қалъаи хумб ва қисми ҳарбии 0409 овоз медиҳанд. Шумораи умумии интихобкунандагон дар ин участка 1087 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 10 нафар интихобкунандагон бори аввал дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ширкат мекунанд. Инчунин, дар участкаи мазкур 11 нафар шахсони бемору дорои имконияти маҳдуд низ сабти ном шудаанд, ки аъзои участкаи интихоботӣ бо истифода аз қуттиҳои сайёр ба назди онҳо рафта, овозашонро хоҳанд рафт. Аъзам Хоҷаев – раиси участкаи интихоботии Қалъаи хумб – 11 дар мавриди ҷараёни баргузории интихобот дар ин участка чунин гуфт:

– Интихобот дар участкаи мо дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Шурӯъ аз соати 6 – и субҳ мо ба кори худ сар кардем ва то ҳозир райъдиҳандагонро бо навбат ва бо риояи тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ қабул карда истодаем. Аъзои участка дар давоми рӯз ба назди он нафароне, ки бо сабаби беморӣ ё доштани имконияти маҳдуд ба участка омада наметавонанд, рафта, тавассути қуттии сайёр овозашонро мегиранд.

          Суратгузориш аз рафти интихобот дар участкаи интихоботии Қалъаи хумб – 11

Бояд гуфт, ки дар ҳавзаи интихоботии Дарвоз – 20 ҳамагӣ 32 участкаи интихоботӣ буда, ба ҳайати узви участкаҳои интихоботӣ – 224 нафар, аз ҷумла 45 нафар зан шомиланд. Дар баробари ин, 124 нафар ҷавонони ризокор барои кўмак дар баргузории интихоботи президентӣ ҷалб шудаанд. Шумораи умумии интихобкунандагон дар ҳавзаи интихоботии Дарвоз – 20 ҳудуди 13150 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 146 нафар бори аввал овоз медиҳанд. Инчунин, 128 нафар ашхоси бемор ё дорои имконияти маҳдуд сабти ном шудаанд.

 

Зиёратшоҳи АҲМАДШО,

аз ноҳияи Дарвоз махсус барои сомонаи Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *