4-уми марти соли равон вобаста ба таҳлил ва баррасии вазъи хизматрасонӣ ба беморони гирифтори бемориҳои гемофилияи А, В, С ва бемории Виллебранд ва масъалаҳои ҳалталаб нисбати ин беморӣ дар ҷумҳурӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардидааст.
тавре сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад, дар ҷаласаи корӣ зикр гардидааст, ки баҳри омодагӣ ҷиҳати иҷрои банди ғайринақшавӣ ба «Нақшаи кории ҷаласаҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024» фармоиши вазорат аз 29 январи соли 2024, №54 бо мақсади таҳлил ва омӯзиши вазъи муоина, ташхис, табобат, назорати диспансерӣ ва кӯмак ба гирифторони бемориҳои гемофилияи А, В, С ва бемории Виллебранд бинобар мубрам будани масоил дар муассисаҳои тандурустии давлатии сатҳи беморхонавӣ ва шабакаҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки махсуси ба гирифторони бемориҳои гемофилияи А, В, С ва бемории Виллебранд мувофиқи Рӯйхати бемориҳои хун, узвҳои хунофар ва ихтилолҳои алоҳидаи фарогирандаи механизми масунӣ мутобиқи рамзҳои Таснифоти байналмилалии бемориҳо ва масъалаҳои ба саломатӣ алоқаманд, боздиди даҳум (ТББ таҷдиди 10): Д66 расонида мешавад.
Дар ҷаласа ҳамзамон як қатор масъалаву мушкилоти ҷойдоштаи соҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба беморони гемофилия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки беморони гемофилия таҳти назорат ва ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, инак 7 сол аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Тоҷикистон фаъолият дошта, он 24 феврали соли 2017 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Мақсад аз таъсис додани ташкилоти мазкур-ин ҳимояи ҳуқуқи беморони гемофилия, таъмини имкониятҳои баробар ба дигар шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти муолиҷа ва пешгирии ин беморӣ мебошад.
Аз ҷумла имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гирифторони бемории гемофилия таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва аз рӯи имконоти мавҷуда беморон бо «криопретсипитат» ва «плазма» ба таври ройгон таъмин мегарданд.