Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Модар дар мавзуи «Дастовардҳои занон дар даврони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон» Конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ баргузор гардидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои дар конференсия олимон, собиқадорони меҳнат ва фаъолон иштирок намуда, оид ба дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастовардҳои занону духтарони тоҷик сухан намуданд.
Собиқадорони меҳнат ба занону духтарон иброз доштанд, ки бузургии Зан-Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Мо бояд имрӯз дар пешрафти ҷомеаю мамлакатамон саҳм гузорем.
Дар ҷамъомад намояндагон аз Институти илмҳои ҷомеашиносӣ ва Маркази солимии репродуктивии вилояти Суғд дар мавзуъҳои «Саҳми занон дар рушди илм» ва «Дастовардҳои занон дар соҳаи тандурустӣ» маъруза намуданд.
Иброз гардид, ки имрӯз баҳри саломатии модару кӯдак дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии вилояти Суғд тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.