Хатлон. Мубориза бо коррупсия пурзӯр мешавад

Коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти хавфноки ҷомеа маҳсуб ёфта, боиси поймолшавии қонунҳои давлат мешавад ва ба тафаккури мардум таъсири манфӣ мерасонад. Дар пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти оммафаҳмонӣ, огоҳкунию пешгирикунанда ва ҳамзамон ба ин васила баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим дониста мешавад.  

Фаъолмандӣ мебояд

– Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ба роҳ мондани пешгирии коррупсия мебошад, ки аз иродаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, – мегӯяд майори адлия Давлатзод Собирҷон, сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мобориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Дар муқовимат бо коррупсия дастаҷамъиро муҳим медонанд, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа натиҷаҳои дилхоҳ дода, болоравии ин зуҳуроти манфиро коҳиш медиҳад. Мусоҳибамон Давлатзод Собирҷон, сарнозири шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии мазкур иброз дошт, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯрию мулоқот ва чорабиниҳои сиёсӣ аз ин зуҳуроти номатлуб изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартарафнамоии омилҳои коррупсионӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштааст. Аз ин лиҳоз барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳамовардани фазои оштинопазир ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад. Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тависяи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдори ҳуқуқию сохторӣ фароҳам оварда шудааст”.

Аз мушоҳидаҳо

Давлатзод Собирҷон дар такя ба таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон иброз дошт, ки фаъолияти баъзе мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо дар ин самт ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯй нест. Ба андешаи мусоҳиби мо роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот бояд ба масъалаи интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, табияи онҳо дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Ба андешаи Д. Собирҷон коҳиш додани сатҳи коррупсия ба бисёр омилҳо, ба мисли дастаҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу шуурнокӣ ва фаъолнокии ҳар як фарди ҷомеа, сатҳи воқеии зиндагӣ вобаста аст. Барои ноил гаштан ба ҳадафҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ, ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа ҷиҳати муқовимат бо коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи маҷмӯи воситаҳову усулҳои муосир мувофиқи мақсад дониста мешавад. Аз ин рӯ воқеан ҳам ҳар як фарди бонангу номуси Ватан бояд чунин дастуру супоришҳои Сарвари кишварро сармашқи кори худ намуда, бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат баҳри аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб дар фазои ҳамдигарфаҳмии миллӣ бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ва бо ифтихор аз миллату Ватани хеш сарҷамъона муборизаи беамон бурда, баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорад.

Василаи ҳамкорӣ

Тавре зикр гардид, дар мубориза бо коррупсия ҳар шаҳрванд метавонад саҳми муҳими худро гузорад. Бо ҳамин мақсад зарур аст, ки ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шавад. Дар ин замина сарнозири Раёсати Агентии мазкур бо истифода аз фурсати муносиб даъват намуд, ки дар мубориза бар зидди коррупсия ҳар нафар худро дар канор нагирифта, фаъолнокӣ зоҳир намояд. Дар ҳолатҳои огоҳ гардидан аз чунин кирдорҳои номатлуб ба суроғаи мо, Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон воқеъ дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Советӣ-2 муроҷиат намоянд. Телефонҳои боварӣ 2 24 23 23,  (83222) 2 26 17,  2 21 72,  803 63 55 55.

Ҳадаф аз тадбир

Чуноне аз гуфтаҳои мусоҳибамон бармеояд, мақсад аз ин тадбир дар якҷоягӣ пешгирӣ ва решакан намудани кирдорҳои коррупсионӣ аст. Ҳама дастаҷамъона кӯшиш ба харҷ диҳем, ки қонунҳои давлати соҳибистиқлоламон поймол нашаванд. Ҳамзамон дар тафаккури мардум таъсири манфӣ нарасад. Боварӣ аст, ки дар муқовимат бо коррупсия бо амалӣ намудани чорабиниҳои дорои хусусияти оммафаҳмонӣ, огоҳкунию пешгирикунанда ва ҳамзамон бо ин васила баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил хоҳем гашт.

                                                                                              М. Акрамов