ТАҲЛИЛ ВА БАРРАСИИ ВАЗЪИ БЕМОРИҲОИ УРОЛОГӢ ДАР КИШВАР

26-уми феврали соли ҷорӣ вобаста ба таҳлил ва баррасии бемориҳои  урологӣ ва вазъи хизматрасонии тиббии ин самт дар ҷумҳурӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст, ки зимни ҷаласаи мазкур гуфта шуд, ки беморишавии урологӣ яке аз масъалаҳои муҳими тиббӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад. Дар ин байн нишондиҳандаҳои бемориҳои паҳншудаи урологӣ, чун бемории санги пешоб, илтиҳобҳои гурда, роҳҳои пешобрав ва простата, гиперплазияи хушсифати ғадуди простата, инкишофи узвҳои пешобу таносул, стриктураи пешобрез, бенаслии мардона, дисфунксияи эректили ва ғайра барои таҳлили тиббиву демографӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ нақши намоён мебозанд.

Дар ҷаласа вазъи кунунии бемориҳои урологӣ дар мамлакат мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифта, ба сармутахассисон ва мутахассисони соҳа ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар кишвар 29 муассисаҳои махсусгардонидашудаи госпиталӣ дар 21 минтақаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ташхису табобати бемориҳои урологӣ фаъолият карда истодаанд, Ба ғайр аз ин, катҳои махсусгардонидашудаи урологӣ дар 24 шӯъбаҳои ҷарроҳии беморхонаҳои марказии ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ вуҷуд доранд.