Шӯъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати вусъати кӯдаконаи Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шифобахш” пас аз таъмири капиталӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Ба иттили манбаъ, корҳои таъмирии шӯъбаи мазкур ҷиҳати ба талаботи замон ҷавобгу намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ моҳи декабри соли 2023 оғоз ёфта буд ва инак, баъди бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои таъмирӣ он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Дар баробари ин, шӯъбаи номбурда бо як қатор таҷҳизот ва лавозимоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардоманиторҳо, дефибилиятор ва ғайра таъмир карда шудааст, ки дар табобати беморон нақши муҳим мебозанд.
Шӯъбаи эҳёгарӣ, беҳисгардонӣ ва табобати вусъати кӯдаконаи маркази мазкур аз 10 кат иборат буда, дар он 15 нафар мутахассисони соҳа ба табобати беморон машғул мебошанд.
Дар ин шӯъба бемороне, ки ба таври таъҷилӣ ва бо таври нақшавӣ бистарӣ мегарданд, ба табобат фаро гирифта мешаванд.