Санаи 25 январи соли 2024 мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаҳои Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардидааст.
Дар ин бора сомонаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки дар вохурӣ ҳамкориҳои вазорат бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 2019 роҳандозӣ намуда, дар ин давом дар ҳамбастагӣ 2 (ду) лоиҳа, аз ҷумла лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ (солҳои 2020 – 2022)» ва “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ (солҳои 2023 – 2026)”, дастгирӣ ёфта, мавриди амал қарор дода шуданд.
Ба иттилои манбаъ, бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ давоми солҳои 2020 – 2022 лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории иҷтимоӣ ва иқтисодӣ», қисми 1 “Ташаббусҳои маҳаллии фарогир дар соҳаи рушд”, зерқисми 1С «Азнавтаҷҳизонии биноҳо барои ҷавонон”, мавриди амал қарор дода шуд. Маврид ба зикр аст, ки дар замина лоиҳаи мазкур корҳо дар самти таъмир, сохтмон ва муҷҷаҳазгардони муассисаҳои таълимии системаи вазорат дар се марҳила дар шаҳру ноҳияҳои мақсаднок, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ (вилояти Хатлон), шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон, Ишкошим ва Рӯшон (ВМКБ) татбиқ гадида, сохтмон, корҳои таъмирӣ ва муҷҷаҳазкунонии муассисаҳои мазкур бо таҷҳизотҳои муоссири таълимӣ пурра ба анҷом расида, феълан фаъолият доранд.
Ҳамзамон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР) – и Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) ва Фонди бисёрҷонибаи донории трастии Механизми глобалии маблағгузорӣ барои занон, кӯдакон ва наврасон феълан дар вазорат “Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодй”, мавриди амал қарор дорад. Лоиҳа аз ҷониби ду мақомоти иҷроия, аз ҷумла Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолй ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ гардида, мухдати амали он солҳои 2023 – 2026 – ро дарбар мегирад. Ҳадафи лоиҳа мазкур ба ҳифзи хонаводаҳои камбизоат ва осебпазир аз хавфҳо, мусоидат ба фарогирии иқтисодӣ ва беҳтар намудани низоми ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидааст.