Вазорати кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо санаи 28 январи соли 2024 дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе “Иди Сада ва баргузории намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ”-ро баргузор менамояд. Дар ин Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба таҷлили “Иди Сада ва баргузории намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ” масъул мебошад.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барои иштирок сокинон ва меҳмононро даъват менамоем.