Баррасии вусъатбахшии корҳо вобаста ба бунёди НБО «Себзор»

Рӯзи 23 январ, дар толори маҷлисгоҳи  Вазорати энергетика ва захираҳои об вохӯрии ҳамаи шарикони дар бунёди неругоҳи барқи обии «Себзор» иштирокдошта, баргузор гардидааст. Дар ин бора сомонаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз вохӯрии мазкур муҳокимаи рафти сохтмони НБО «Себзор» бо иқтидори 11 МВ дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ГБАО, аз ҷумла натиҷаи ҷорӣ ва мувофиқа кардани қарори онҳо мебошад.

Гуфта мешавад, дар мулоқот Вазири энергетика ва захираҳои об, намояндагони шарикони рушд, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, Консули Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Точикистон, Бонки рушди Олмон, Ширкати «Помир Энерчи» (Агентии татбиқкунандаи лоиҳа) ва пудратчии корҳои сохтмонӣ – ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» намуданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рафти корҳои сохтмонии неругоҳи Себзор, аз ҷумла раванди ҷорӣ, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо, дар муҳлатҳои пешбинишуда, дар доираи буҷет ва мувофиқ ба стандартҳои муосир ва бо сифати зарурӣ ба итмом расонидани сохтмони неругоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Зимни муҳокимаи масъалаҳои марбута Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои об ҳамчунин таъкид ба амал овард, ки неругоҳи Себзор яке аз лоиҳаҳои асосие ба шумор меравад, ки таҳти назорати бевоситаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои анҷом додани он тамоми дастгирии зарурӣ карда мешавад. Намояндагони Иттиҳоди Аврупо, сафорати Олмон ва Бонки рушди Олмон низ ӯҳдадориҳо ва дастгирии худро дар татбиқи лоиҳа тасдиқ намуданд. Вазири энергетика ва захираҳои об аз ширкати «Помир Энерҷи» даъват ба амал овард, ки дар якҷоягӣ бо мушовири лоиҳа – ширкати Фихтнер ва пудратчии корҳои сохтмонӣ – ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» дар доираи муҳлати пешниҳодгардида самаранок истифода бурда, бо назардошти ҳама мушкилоти эҳтимолӣ корҳоро тавассути афзоиши қувваи кориву таҷҳизот суръат бахшад.

Дар маҷмуъ, дар мулоқот масъалаи ҳарчӣ зудтар ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи мазкур, ки аҳамияти минтақавӣ дошта, ба содироти неруи барқи изофавӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ саҳми назарраси худро мегузорад, аз ҷониби вазорат ва намояндагони шарикони рушд махсус таъкид гардидааст.