Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария/Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар  ҷаласаи 54-уми солонаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ иштирок намуд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Ҷаласаи солона аз 15 то 19 январи соли 2024 дар шаҳри Давоси Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардида, дар он зиёда аз се ҳазор нафар иштирокчӣ аз 120 кишвари дунё, дар сатҳи сарони кишварҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, молия, иқтисод ва  роҳбарони бонкҳои марказӣ ва ширкатҳои хусусии фаромиллӣ иштирок намуданд.