Иштироки Файзиддин Қаҳҳорзода дар мизи мудаввари сатҳи баланди Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ дар Марокаш

Санаи 10 октябри соли 2023 вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар шаҳри Маррокаши Шоҳигарии Марокко дар мизи мудаввари сатҳи баланди Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ, ки таҳти унвони “Дарёфти воситаҳои нав барои дигаргунсозии соҳаи кишоварзӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ: Тақвияти шарикӣ барои рушди устувор” дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки Умумиҷаҳонӣ сурат гирифт, иштирок намуданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати молия чорабиниро Президенти Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ ҷаноби Алваро Ларио ифтитоҳ намуда, оид ба саҳми Фонди мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ дар минтақа суханронӣ кардааст.

Зимнан, хонум Дина Салеҳ, Директори минтақавии Фонд оид ба кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ вобаста ба дурнамои ҷалби маблағгузорӣ ба иқтисодиёти кишварҳои минтақа барои се соли минбаъда ибрози андеша намудааст.

Дар аснои мизи мудаввар вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, аз сатҳи ҳамкориҳо бо Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузорӣ дар самти таъмини дастрасии аҳолӣ ба техникаи кишоварзӣ, рушди соҳаи чорводорӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайра иброз​ намуданд.