Рӯзи 11 октябр дар Мактаби байналмиллалии президентӣ дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ ҷиҳати бозомӯзии мушовирони томактабии раёсат ва шуъбаҳои маориф ва роҳбарони семинарҳои доимоамалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар мавзӯи “Таҳсилоти томактабӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардидааст.
Тавре Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар он муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, мушовирони кабинетҳои методӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм қайд кардааст, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди муассисаҳои томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати маориф ва илм мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва амалигардонии “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” амри зарурист”.
Семинар имрӯз 12.10.2023 ҷамъбаст мегардад.