Дирӯз, 4-уми октябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур, аз рӯйи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: -60 кг, -66 кг, -73 кг, -81кг, -90 кг, -100 кг, +100кг ва 3 категория миёни занон: -52 кг, -57кг ва -63 кг рақобатҳо баргузор шуданд. Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон варзишгарон аз кишварҳои хориҷа, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Муғулистон, Афғонистон ширкат варзиданд.
Мусобиқа сараввал аз вазнҳои -60, -66 кг миёни мардон оғоз ёфт. Нерӯсанҷиҳо дар вазнҳои мазкур бисёр диданӣ ва рақобатпазир буданд. Чун дар ҳар вазни номбаршуда наздик 40 иштирокчӣ номнавис шуда буд. Аз ин шумора, чор нафари арзанда сазовори зинаҳои ифтихорӣ шуданд.
Дар вазни -60 кг варзишкори тоҷик Меҳрзод Суфиев тавонист дар финал Муҳаммадсолеҳ Қувватовро дучори бохт гардонад ва медали тиллоро ба даст биорад. Мустафо Нуров ва Раҳмон Ҷумъаев паҳлавонони тоҷик ҳарду дар мавқеи сеюм ҷой гирифта, сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар вазни – 66 кг Шаҳбоз Саидаброров сазовори медали тилло гардид. Сарвар Абдушукуров нишони нуқра ва Суҳроб Боқиеву Азамат Яъқубов ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Ғолибону ҷоизадорон дар вазни -73 кг низ муайян шуданд. Ҷои якум Абӯбакр Боқиев, ҷои дуюм Муллораҷаб Халифаев, ду ҷои сеюм насиби Саидраҳмон Қодиров ва Муҳаммадраҳим Сарахонов гардид.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи аввал дар се вазн духтарон низ нерӯсанҷӣ намуданд. Вазни аввал, 52 кило буд. Дар ин вазн Ситам Қадамбоева – варзишгарбонуи ӯзбекистонӣ дар финал бар рақиби худ аз Тоҷикистон Аҳлия Муминова хубтар ҳунарнамоӣ кард ва ба гирифтани медали тилло сазовор гардид. Сайёҳат Холназарова ва Мадина Қурбонзода ҳарду ба гирифтани медалҳои биринҷӣ даст ёфтанд. Вазни дигар вазни -57 кг буд. Дар ин вазн ҳам бонуи ӯзбекистонӣ Нилуфар Эрнагамбетова мақоми аввалро касб кард. Ҷои дуюм насиби бонуи рус Кан Александра гардид. Ду зинаи сеюм насиби варзишгарони тоҷик Рӯзафзун Бекназарова ва Шоҳида Қаландарова шуд. Дар вазни -63 кг миёни бонувон муддаиён кам буданд. Дар ин вазн ҳамагӣ се варзишгар номнавис буданд. Ду бону аз Тоҷикистон, як бону аз Афғонистон. Медали биринҷӣ насиби варзишгарбонуи Афғонистон гардид. Ҷои дуюмро Мавлуда Одинаева соҳиб шуд ва қаҳрамони ин вазн Ҷонона Ҳалимова гардид.
Қобили зикр аст, ки ғолибону ҷоизадорон бо медал ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 27 500 сомонӣ, ҷои дуюм бо 16 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.