Миҷгона Самадова дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 медали биринҷиро ба даст овард

Имрӯз, дар доираи рақобати даври ниманиҳоии Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022, муштзанбонуи шинохтаи тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни -57кг рақобат намуд.

Дар ин марҳила Миҷгона аз қаҳрамони Осиё – Карина Ибрагимова аз Қазоқистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрда, барандаи медали биринҷӣ гардид. Ҳамин тавр Миҷгона Самадова аввалин бонуи варзишгар дар таърихи бокси тоҷик шуд, ки дар Бозиҳои Осиёӣ соҳиби нишони биринҷӣ шуд.

Ёдовар мешавем, ки Миҷгона дар даври аввал бар намояндаи Ветнам – Нгуйен Ҳуен Тран бидуни мушкили бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 5:0 музаффарият ба даст оварда, дар даври 1/4 ниҳоӣ муқобили Сатсуки Ёшизава аз Ҷопон ғалаба карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта буд.

Дар баробари ба даст овардани медали биринҷии Бозиҳои Осиёӣ Ҳангжоу-2022 Миҷгона аз миёни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, роҳхати Бозиҳои тобистонаи Олимпии Париж 2024-ро аз риштаи бокс соҳиб гардид.

Сорбон Амонуллозода