«Забон ва Истиқлол»: Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ, таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба кори худ оғоз кард. Дар конфронс намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, МИҲД – и шаҳри Душанбе, олимону профессорон, нависандагон ва намояндагони аҳли адаби кишвар иштирок доранд.

Конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» бо сухани ифтитоҳии муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Сахидод Раҳматуллозода оғоз гардид. Зимни суханронии худ Сахидод Раҳматуллозода зикр кард, ки забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аст, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад. Дар Тоҷикистон забони миллат ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эътироф шудааст. Тавре муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар Сахидод Раҳматуллозода дар суҳбат бо мо иброз дошт, ҳадаф аз ташкили конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ ин бузургдошти забони давлатӣ мебошад. Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо дар конфронси имрӯза зиёда аз 100 нафар намояндагони илму адаб забоншиносони варзидаи мамлакат, муҳаққиқони соҳа иштирок доранд, ки вобаста ба нақши забон мубодилаи афкор менамоянд.

. Бояд тазаккур дод, ки 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии мамлакат танзим ва муқаррар менамояд.

Бояд гуфт ки ҳамоиши ҷумҳуриявии “Забон ва истиқлол” то соати 17 идома меёбад. Тибқи иттилои дар дастдоштаи мо дар назар аст, ки дар конфронси илмиву амалии “Забон ва истиқлол” маърӯзаҳои олимони кишвар шунида мешаванд ва дар охир эъломия аз натиҷаи мубодилаи афкор қабул мегардад.

Парвина Самандарзода,

радиои “Тоҷикистон”