Оғози Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини Ҷудо дар Данғара

Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини Ҷудо ҷараён дорад.

Рӯзҳои 4-5 октябри соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 10-уми мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” дар риштаи ҷудо сурат мегирад.

Мусобиқаи мазкур аз рӯи 7 категорияи вазнӣ миёни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81кг, 90 кг, 100 кг, +100кг ва 3 вазн миёни занон: 52 кг, 57кг ва -63 кг доир мешавад. Барои ширкат дар мусобиқа варзишгарон аз кишварҳои хориҷӣ низ даъват шудаанд. Ғолибону ҷоизадорон бо медалу ва ҷоизаҳои пулӣ – ҷои якум бо 27 500 сомонӣ, ҷои дуюм бо 16 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Некрӯз Сатторов

радиои “Тоҷикистон”