“Бо мавҷи мо бошед”. Тараннуми Истиқлол дар Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои он

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардидИстиқлол  мафҳумест, ки дар таърих ба сифати олитарин арзиши давлатдорӣ шинохта шудаааст. Бо дарназардошти ҳамин маънӣ мавзўи мазкур пайваста дар меҳвари барномаҳои ҳафтаинаи радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он- «Сӣ-авроқи рангин», «Хуррамдиёр», «Тоҷикистон ва ҷомиаи чахон», «Рў ба фардо», «Фарҳанги рўз», «Нигоҳи рўз», «Пайванд» «Тоҷикистон Ватани мо», «Суҳбат дар мавзўи рўз», «Оини Ватандорӣ», «Садои андеша», «Марворид», «Иртибот»,  «Муқаддасоти миллӣ» ва «Нигоҳи нав» қарор дошт.

Дар рўзҳои таҷлил аз 29-солагии соҳибистиқлолӣ аз радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он дар баробари барномаҳои болозикр ва гузоришҳои алоҳидаи ихтисосӣ, инчунин 6 радиокомпозитсияи идона-«Шукўҳи Истиқлол», «Файзи Истиқлол», «Масири Истиқлол», «Истиқлол-рамзи саодату бақои миллат», «Нерўи Истиқлол», “Хуршеди Истиқлол» садо медиҳад, ки муҳтавои аслии онҳо талошҳои раёсати олии мамлакат, алалхусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эъмори Тоҷикистони навин ва дастоварадҳои кишвар тўли даврони соҳибистиқлолист.

Тариқи барномаҳои мазкур дар мавриди нақши Истиқлол дар таҳкими давлатдорӣ коршиносони соҳа Кароматулло  Олимзода-академик, Фарҳод Раҳимӣ- академик,  Ҷамшед Муртазоқулов- доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Абдуѓаффор Руафӣ-доктори илмҳои иқтисодӣ, Шариф Раҳимзода- директори Иниститути иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Зайналобиддин Кобулиев – директори Иниститути захираҳои об ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Карим  Каримзода- муовини Раиси Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зубайдулло Давлатов- коршинос аз МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавҷуда Уроқзода- номзади илмҳои филологӣ, Назри Яздонӣ-адиб, Раънои Мубориз-узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон,  тариқи барномаҳои «Истиқлол-рамзи саодату бақои миллат» ва «Шукўҳи Истиқлол» ибрози назар менамоянд.

Инчунин мавзўи дигаре, ки дар меҳвари радиокомпозитсияи идона қарор гирифтааст, иқдомоти созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тўли 29 соли охир аст. Соҳибназарони соҳаҳои гуногун Фаридун Мирзоев – коршинос аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Меҳриниссо Бобобекова-узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Зубайдулло Маҳмадулозода-сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказии  Кумитаи кор бо  ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Камол Насрулло-адиби маҳбуб,  Умаралии Сафаралӣ-масъули бахши иттилоотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ширин Амонзода-аз Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳият ва нақши иқдомоти созандаи Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмонро дар барномаҳои «Файзи Истиқлол» ва «Масири Истиқлол»  баён медоранд.

Низом Қосим, Чиллахон Холов, Рудобаи Мукаррам, Шуҳрат Сайнаков, Абдураҳмон Хонзода аз чеҳра ва фаъолони ҷомиаи шаҳрвандие буданд, ки назари созанда ва афкори солими онҳоро кормандони радиои «Тоҷикистон» ва шабакаҳои он ҳангоми таҳияи барномаҳо истифода бурданд.

Радиои Тоҷикистон ва шабакаҳои онро пайгирӣ кунед, зеро ин радио садои қалби поку беолоиши миллат ва давлат аст.

Муродулло Раҳимов, котиби

масъули радиои “Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *