МАНБАИ НУРИ ЗИНДАГӢ (Очерки сафарӣ)

Таассуроти рӯзноманигорони шабакаҳои радиои Тоҷикистон зимни боздид аз НОБ- и Роғун

Орзуи дидани Неругоҳи барқи обии Роғун, шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги аср, мусоҳиба бо бунёдгарони корзори меҳнат ва тарғиби самараи заҳмати синфи коргар, ки дар зери замин синаи кӯҳро мешикофарду барои пасовандон манбаи рӯшноӣ меофаранд, орзуи ҳар як фарди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту меҳанпарвари Тоҷикистони биҳиштосои хуррамзамин аст. Аз як тараф, шиносоӣ бо ҷараёни бунёди ин иншоот, аз ҷониби дигар, тарғибу ташвиқи аҳаммияти он барои Тоҷикистон ва минтақа афкори ҷомеаро нисбат ба ахбори муғризонаву бардурӯғи баъзе расонаҳои хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки НОБ- и Роғунро ҳамчун «аждаҳои хуфта» ба қалам медиҳанд, ба таври мусбат куллан дигаргун мекунад. Ба ин хотир, бо дастгирии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид рӯзҳои 23 ва 24 –уми августи соли 2023 даҳ нафар рӯзноманигорони чаҳор шабакаи радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони кормандон ва бунёдгарони ин иншооти бузурги аср шуданд.

Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун» Хайрулло Сафарзода ва корманди масъули он Саидқул Қурбонов, ки солҳои тӯлонӣ дар радио ва телевизиони Тоҷикистон кор кардааст, моро бо табассуми хос ва чеҳраи боз пешвоз гирифтанд. ҶСК НБО Роғун яке аз ниҳодҳои калидии иншооти мазкур буда, сармояи оинномавии он яксаду шонздаҳ миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз суҳбати кӯтоҳ бо  Хайрулло Сафарзода аён гардид, ки айни ҳол дар ин кохи нур 14,5 ҳазор нафар мутахассисону сохтмончиён ва муҳандисону кормандони техникӣ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Беш аз 3500 техникаву таҷҳизоти  пуриқтидори муосир  фароянди корҳои сохтмониро вусъат мебахшанд. То кунун 65%- корҳои сохтмону васлгарӣ анҷом ёфта, мутобиқи лоиҳа анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳими аср то охири соли 2029 бояд анҷом пазирад.

 Сипас, бо либос ва кулоҳҳои ҳифозатии махсус бо роҳбаладии муовини сардори Раёсати назорати техникии ҶСК «Роғун» Аҳмадов Миралӣ, ки шахси миёнақади гандумгуни чушодачеҳраи хушчақчақ ба назар метофт, ба ниругоҳ рафтем. Аз баландии шаҳр майдони корзори гирду атрофи ниругоҳ ба мисли кафи даст метобид, мошинҳои муқтадир ба монанди корвони мӯрчагон бор мекашиданд, садои кранҳои борбардор ва экскваторҳои пуриқтидор мехурӯшид ва хосатан кор меҷӯшид.

Сараввал аз нақби обпартои қабати чорум дидан кардем. Дар ҳар интақа коргаронро медидем, ки бо азми қавӣ ва ҳисси ифтихори волои ватандӯстӣ содиқона кор мекарданд. Роҳбалади мо Аҳмадов Миралӣ иброз дошт, ки сохтмони нақби обпартои қабати чорум дар ҳоли анҷомёбист. Ӯ ба мо гуфт, ки дар соҳили чап нақбҳои якум ва дуюм ва дар қисмати рост сеюм ва чорум ҷойгиранд ва зимни мусоҳиба ба суолҳои мо чунин посух дод:

– Оё баъди баланд шудани сатҳи об ин нақбҳо зери об нахоҳанд монд?

– Бале, дуруст дарк кардед, ин нақбҳо зери об мемонанд, танҳо дар як марҳилаи муайян, дар ҳолатҳои садамавӣ кори худро анҷом медиҳанд. Ин нақби обпарто қобилияти обпартоии то 3500 куб дар як сониро доранд. Алҳол СТ-1, СТ-2 зери об мондаанд. Тибқи нишондиҳандаҳои геодезӣ ҳоло оби обанбор аз сатҳи баҳр (Баҳри Балтика) дар сатҳи 1070 метр қарор дорад. Баландии сарбанд ба 335 метр мерасад.

Сипас, аз дарвозаҳои нақби мазкур дидан кардем. Аҳмадов Миралӣ дар бораи фаъолияти дарвозаҳо чунин баён дошт:

– Дар дохили нақби обпартои рақами чорум ду дарвоза ҷойгир аст. Дарвозаҳо дар ҳолатҳои зарурӣ, садамавӣ ва ё таъмир ба тариқи худкор пеши обро мебанданд. Маркази идораи дарвозаҳо дар болои нақб ҷойгир аст. Диаметри нақб 15 метр буда, корҳои васлу бетонкорӣ дар ҳоли анҷом аст.

Рӯзноманигорон кӯшиш мекарданд, ки ба суолҳои худ посухи муносиб дарёфт намоянд, аз ин рӯ, ба Миралӣ бо суолҳои гуногун муроҷиат мекарданд, амсоли:

-Бунёди нақби мазкур, яъне нақби обпартои рақами чорум дар замони Шуравӣ оғоз шуда буд?

– Не, мо дар замони истиқлол ин нақбро бунёд намудем, ки меваи замони истиқлол ва маҳсули заҳмат ва афкори коргарону олимони тоҷик аст. Нақбе бо баландии 15 метр ба мисли бинои панҷошёна дар ҷаҳон назир надорад, аз ин рӯ, мутахассисони хориҷа онро дида дар таҳайюр мемонанд. Онҳо таҷрибаи моро меомӯзанд, дар навбати худ мо аз таҷрибаи онҳо баҳра мебардорем.

– Кор дар ин нақб кай шуруъ шуд?

– Аз соли 2018 оғоз шуда ҳоло дар арафаи анҷомёбист.

– Яъне, Роғун мактаби табодули таҷриба аст.

– Бале, на танҳо мактаби табодули таҷриба, балки мактаби бузурги амалӣ намудани донишҳои назарӣ, мактаби обутоб ёфтани синфи коргар, мактаби созандагиву офарандагӣ низ ҳаст.

Кор дар чанд баст идома меёбад?

– ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст.

Мо хоҳиш намудем, ки бевосита бо коргарон ва бунёдкорони ин сохтмони бузурги аср ва кохи нуру зиё суҳбат дошта бошем. Миралӣ Аҳмадов бо табассуси ба худ хоси зебанда ҷониби мо нигариста «сабр кун аз ғура ҳавло мепазад», – гуфта моро ба назди бунёдкорон бурд.

Дуруди бепоён ба бунёдгарон, хаста набошед, мо аз радиои «Тоҷикистон». – гуфтем якҷоя. Хайрамақдам ба Кохи нур. Ман Суҳбат Саидов, устои қитъаи нақби чорум.

Корҳо чи тавр?

-Хуб ҷараён доранд, алҳол корҳои оҳанфулузот ва арматурбандӣ босуръат идома доранд. Дар қитъаи мазкур 26 нафар коргари маҳаллӣ ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад, онҳо аз минтақаҳои гуногуни кишвари азизамон ҳастанд. Хурду хурок, ҷойи хоб, макони истироҳат ба дараҷаи олӣ аст, – иброз намуд Суҳбат Саидов ва ба суолҳои минбаъдаи мо чунин посух дод.

– Шумо чанд сол боз кор мекунед?.

12 сол аст, ки дар НБО Роғун фаъолият дорам.

– Чун мо аз нақби номрафта дидан кардем, баъзе минтақаҳо оҳанпӯш шудаанд, чаро?

– Минтақаҳое, ки пайвасти ду кӯҳ мебошанд, барои мустаҳкамӣ ва бехатарӣ оҳанпӯш мешаванд.

– Маҳсулоти асоси сохтмон семент аст, онро аз куҷо дастрас мекунед?

– Сементро аз бозори дохили Тоҷикистон, яъне аз корхонаҳои сементбарории шаҳрҳои Душанбе ва Ёвон дастрас менамоем, сифаташ хеле хуб аст, аксари маҳсулот моли бозори дохилии кишвари мост.

– Аз кадом минтақаҳо дар ин қитаъаи сохтмонӣ кор мекунанд.

– Намояндагони қариб аз ҳамаи минтақаҳои кишвари азизамон- аз Суғду Бадахшону Ҳисору Рашту Хатлон паҳлӯ ба паҳлӯ ва даст ба дасти ҳам дода, барои бунёди ин неругоҳи азим софдилона заҳмат мекашанд. Ҳарчанд мутахассисони итолиёӣ, ҳиндӣ, эрониву рус кор мекунанд, аммо асоси кормандонро тоҷикон ташкил медиҳанд, – изҳори назар намуд бурда.

Ҳамин тавр, аз чанд нақб дидан карда бо раванди корҳои бунёдкорӣ шинос гардидем. Рӯйдоди хотирмон аз фарози сохтмон бо нақби ҳавокаш ба жарфи 87 метр поён шудан буд. Дидем, ки дар дили замин гурӯҳе аз коргарон синаи кӯҳро мешикофанд, гурӯҳи дигар ба корҳои кафшергарӣ ва иддае ба арматурбандӣ машғул буданд. Бо истифода аз фурсати муносиб бо Эркин Ҷумъаев, устои қитъаи ин иншоот мусоҳиба кардем. Номрафта иброз дошт, ки аз соли 2016 инҷониб дар ин ҷо фаъолият дорад. Ба гуфтаи ӯ феълан дар чуқурии 87 метр корҳои пармагарӣ ва аркмонӣ анҷом шудаанд. Баъди анҷоми корҳо гурӯҳи геодезияонро қабул мекунад, агар камбудӣ бошад, фавран ислоҳ гардида дубора ба комиссияи назрати техникӣ барои қабул пешниҳод мешавад. Баъд ба корҳои бетонхобонӣ шуруъ менамоем. Дар ин қитъа ҳамагӣ 25 метри дигар корҳои пармагарӣ ва кӯҳкорӣ боқӣ мондааст ва умед дорем, ки то ду моҳи дигар кори ин қитъа анҷом мепазирад.  Аз маоши коргарон пурсон шудем.

-Маоши кормандон бо назардошти хусусияти кор муайян шудааст. Масалан, маоши коргар 3 ҳазор сомонӣ, васлгар аз сеюним то чор ҳазор, ронандаи крани борбардор чоруним ҳазор сомонӣ дар 15 рӯз аст- гуфт ӯ. Эраҷ Ҷумъаев афзуд, ки дар қитъаҳои НОБ- и Роғун асосан кадрҳои ҷавон фаъолият доранд, аксари онҳо мутахассиси кори худ буда, донишгоҳ ва донишкадаву коллеҷҳои Тоҷикистонро хатм кардаанд.Ҷавонон аз насли миёнасол сабақ меомӯзанд, нозукиҳои корро ёд мегиранд ва дар оянда чун мутахассиси варида ба нафъи Тоҷикистони азиз хизмат менамоянд.

Боздид аз сарбанди неругоҳ ва ядрои он, толори васли трубинаҳо дар афкори мо табаддулоти фикрӣ ба вуҷуд овард. Дар ду тарафи ядро, ки меҳвари танзимкунандаи обанбор ба ҳисоб меравад, сарбандҳои ба ҷониби ҳам моил дар ҳоли бунёд буда, онҳо дар баландии 365 метр бо ҳам васл гардида, як кӯҳи сунъиро, ки тасаввураш аз тахайюли инсон берун аст, ба вуҷуд меоранд. Дар фарози сарбанд роҳи мошингард бо паҳноии 20 метр бунёд гардида, нақбҳои чапу ростро бо ҳам мепайвандад. Дар ҳақиқат, инсон аз муъҷизаи офаридаи тафаккури зеҳнии худ дар шигифт мемонад, ангушти ҳайрат мегазад…

Зимни боздид итминон ҳосил намудем, ки воқеан Роғун манбаи тавлиди энергияи «сабз» аст. Тавлили ин намуди энергия дар Тоҷикистон ба 98% мерасад ва аз ҷиҳати тавлиди энергияи «сабз» дар ҷаҳон кишвари мо дар мақоми шашум қарор дорад. Бунёди НБО-и Роғун бо маҷмааи иншооти зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё Тоҷикистонро ба содиркунандаи азими неруи барқи минтақа табдил дода, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, таъмини онҳо бо неруи барқ ва амалӣ гардидани ҳадафи чаҳорум- саноатикунонии босуръати мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад. Зеро иқтисоди миллии мо ҳар сол ба андозаи 7% рушд мекунад ва солона талабот ба неруи барқ низ аз 2 то 2,5% меафзояд. Тибқи нақша шаш трубинаи неругоҳ 3600 МВт неруи барқ тавлид намуда, истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар неругоҳи номрафта дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт/соат мерасад.        

Боварнакарданиист, ки набзи ин шаҳраки зеризаминӣ ин қадар хуб метапад ва зиндагӣ дар қаъри кӯҳ бо тамоми маънояш мафтункунанда бошад. Оре, дар дили кӯҳ кор меҷӯшад ва инсон аз дидани муъҷизаҳои тааҷҷубовару ҳайратангез- трубинаҳои гаронвазну васеъқурт дасту лаб мегазад. Кас бовар намекунад, ки танҳо як ҷузъи хурди трубина 42 тонна ва ё дарозии умумии нақбҳои иншоот 70 км. бошад. Тибқи ҳисоби мутахассисон дар обанбори он 13,3 мукааб километр об захира шуда, аз ин миқдор 10,3 мукааб километр бевосита барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мегардад.

Бузургиву ҳашамати НБО-и Роғунро ба сухан наметавон баён кард, онро бояд дид ва ба мизони ақлу хирад баркашид. Танҳо баъди дидани ин иншооти азими нурофар кас пофишориҳо ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои бунёди ин кохи нуру зиё ба таври комил дарк менамояд. Пешвои миллат ҷони худро ба гарав монданд, то бо бунёди НОБ- и Роғун миллати мо шоиста зиндагонӣ намояд, минтақаи мо бо неруи барқ таъмин бошад, майдонҳои кишти кишварҳои ҳамҷавор дар солҳои камобӣ шодоб гарданд. Воқеан Роғун тамаддуни зеризаминист, меҳвари ҳамоиши миллист, маркази гирдоварии неруҳои зеҳнист. Муҳимтарин нукта ин аст, ки дар бунёди НБО- и Роғун синфи нави коргари тоҷик тавлид шуд, шакл гирифт ва ин   собит намуд, ки миллати тоҷик дар бунёди иншооти азими аср зарфияти созандагӣ ва қобилияти офарандагӣ дорад. Ба андешаи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иншоот ҳазорон нафар мутахассисони соҳибтаҷрибаи тоҷикро ба бозори байналмилалии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ омода менамояд.

Мо дар ин сафар тапиши набзи Роғунро ба хубӣ эҳсос кардем; вақте набзи Роғун метапад ваҳдати умумимиллӣ шакл мегирад, вақте набзи Роғун метапад эҳсоси худшиносии миллӣ боло меравад, вақте набзи Роғун метапад давлати миллӣ бақои тоза дармеёбад, вақте набзи Роғун метапад зиндагӣ неруи тоза мегирад, вақте набзи Роғун метапад ҳаёт осуда мегардад, вақте набзи Роғун метапад зиндагии шоиста муҳайё мешавад, вақте набзи Роғун метапад Тоҷикистон мунаввар мегардад, зеро нури Роғун манбаи нури зиндагист…

Соати шаши бегоҳ азми бозгашт кардем, вале ҳанӯз садои ғурриши техникаи пуриқтидори ин иншооти азими аср ба гӯш мерасид…

Саидмуроди ХОҶАЗОД,

доктори илмҳои филология,

профессор