18-уми августи соли 2023 директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва сафири навтаъини Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Елза Пинёлро мулоқот намуданд.
Дар ин бораи сомонаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар дода, илова мекунад, ки зимни вохӯрӣ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи синамо, филмбардории муштарак, ҷалби мутахассисони соҳа барои филмбардорӣ, дарсҳои «Устоду шогирд», иштироки синамогарони маъруф дар чорабиниҳои синамоӣ ибрози ақида карда шуд.
Изҳори назар карда шудааст, ки дар оянда тақвият ва таҳким бахшидани робита ва ҳамкориҳои судманд миёни ниҳодҳои синамогарӣ ва ба роҳ мондани филмбардории муштарак бо ҷалби мутахассиони ҳирфаии Тоҷикистону Фаронса ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад шуд.
Ҳамзамон, таъкид гардидааст, ки дар доираи рушди ҳамкориҳои дар соҳаи фарҳангу синамо дар нимсолаи дуюми соли равон дар шаҳри Париж намоиши филмҳои классикию муосири тоҷик баргузор карда мешавад. Дар ин замина, барои алоқамандони синамои Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо имкон фароҳам меояд, ки бо тамошои филмҳои тоҷикӣ бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таъриху фарҳанг ва маконҳои сайёҳию наворбардории Тоҷикистон ошноӣ пайдо намоянд.