Дар нимсолаи якуми соли 2023 қайди давлатии ақди никоҳ 32 ҳазору 851 ҳолатро ба қайд гирифта шудааст, ,ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 585 ҳолат зиёд буда, бекоршавии ақди никоҳ дар ҳамин давр коҳиш ёфта, 5 ҳазору 370 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбати шаш моҳи соли 2022 1 ҳазору 895 ҳолат кам мебошад. Дар ин бора имрӯз масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд.
Дар нишасти матбуоти раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Қурбонзода Ҳилолбӣ ба намояндагони ВАО иброз намуд, ки бо мақсади расонидани кӯмаки равонӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони зӯроварии хонаводагӣ дар ним солаи аввали соли 2023 1204 нафар шаҳрвандон ба Маркази захираи оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ муоҷиат намуданд. Зимни нишаст раиси Кумитаи мазкур ба ҳозирин зикр намуд, дар шаш моҳи соли 2023 аз ҷониби Кумита 209 нафар шаҳрвандон қабул гардидаанд, ки аз онҳо 182 нафар занон ва 27 нафар мардон буданд.
Тавре иттилоъ, дода шуд аризаҳо ва муроҷиати шаҳрвандон бештар ба масъалаҳои оилавӣ дар бораи маскун, алимент ,ҷанҷоли оилавӣ, барои дарёфти кор, кӯмаки молиявӣ, дастрасӣ ба грантҳои Президентӣ, таъмин ба манзили истиқоматӣ, баҳси замин, гирифтани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва кӯмаки равоншинос зиёдтар ба назар мерасад.
Ширин Иноятова
радиои “Тоҷикистон”