Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки яке аз роҳҳои муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар сатҳи ҷаҳон ин иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад.
“Ҳамин аст, ки Кумита дар давоми нимсолаи аввали соли 2023 дар 6 намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии кишварҳои Эрон, Олмон, Россия, Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ фаъолона иштирок намуд ва то охири сол дар назар аст, ки Кумита боз дар 4 намоишгоҳи сатҳи байналмилалӣ иштирок намояд. Илова бар ин роҳи дигари тарғиби имкониятҳои сайёҳии кишварамон ин ҷалби гуруҳҳои эҷодии шабакаҳо ва телевизионҳои хориҷӣ мебошад. Бо ин мақсад кумита бо шабакаи ҷаҳонии “BBC World News” шарнома бастааст ва қарор аст, ки ролики 30 сониягии тарғибкунандаи мавзеҳои сақёҳии кишварон тули як моҳ намоиш дода шавад. Ҳамчунин нақша дорем, ки дар доираи шартномаи дигари кумита ин ролик дар шабакаи Евронюс ҳам пахш карда шавад”, – гуфт Камолиддин Муминзод.
Ҳамчунин дар нишасти хабарии Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати ҶТ гуфта шуд, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар доираи Ҷаласаи 68- уми Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёхӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои Испания ва Ӯзбекистон дар Кумита оид ба масъалаҳои узвият барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид, ки ин муваффақият барои мавқеи Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли СУС нақши муҳим мебозад.
Сарвинози Сайидалӣ
радиои “Тоҷикистон”