Бо мақсади вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳодисаҳои фавқулода ва иҷрои дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Ситоди пешигирӣ аз ғарқшавӣ” 19 июли соли 2023 дар соҳили кӯлҳои “Ҷавонон”, “Чорбоғ”, ҳамчунин соҳили каналу дарёҳое, ки аз қаламрави пойтахт убур мекунанд, корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд.
Дар ин бора сомонаи КҲФ хабар дода, навиштааст, ки дар ҷараёни роҳандозии корҳои таблиғотӣ кормандони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба сокинон дар бораи риояи қоидаҳои бехтарӣ дар соҳили обҳо, беназорат нагузоштани бачаҳо, дар ҳоли мастиву сархушӣ оббозӣ накардан суҳбат карданд ва барояшон варақаву китобчаҳо тақсим намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар корҳои таблиғотӣ ҳамчунин аз мошинҳои махсус бо баландгӯякҳо истифода намуданд ва аз ин тариқ ба истироҳаткунандагони соҳили обҳо наворҳои видеоии омӯзанда намоиш доданд.