Имрӯз дар боғи боғи фарҳангиву фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, хунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии ноҳияи Панҷ доир гардид. Дар ин намоиш – фӯруш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иштирок намуда аз маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон дидан намуданд.
Имрӯз дар саҳни боғи фарҳангиву фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе кишоварзон ва ҳунармандони ноҳияи Панҷ маҳсули дасти худро ба маърази тамошо гузоштанд. Кишоварзон маҳсулоти хушсифатӣ ниёзи аввалияро ба монанди тарбузу харбуза, пиёзу картошка, гушту тухм ва навои гуногуни маҳсулоти шириро бо нарҳои арзону дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардониданд. Ҳунармандон бошанд намунаи либосҳои миллӣ, болишчаҳо, ороишоти занона ва ғайраро ба фурӯш бароварданд. Ба таъкиди сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Панҷ Шералӣ Одинаев имсол деҳқони ин ноҳия дар майдони 14,5 ҳазор гектар кишти зироатҳоро ба роҳ монда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки баргузор гардидани намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, хунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабӣ дар пойтахт борои муаррифӣ намудани зарфиятҳои саёҳии кишварамон, мусоидат менамоянд. Акрам Наҷмиддинов хоҷагидори ҷамоати деҳоти “Нури Ваҳдат” – и ноҳияи Панҷ зимни суҳба бо мо гуфт, ки аз ҳама дастоварди хуби онҳо дар соҳаи кишоварзӣ ин картошкапарварӣ аст ва имсол аз ин навъи маҳсулот ҳосили фаровон ба даст овардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, хунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллии шаҳру ноҳияҳои кишварамон дар боғҳои пойтахт то 3 – юми сентиябри соли равон идома мекунад ва сокинони шаҳри Душанбе имкон доранд, ки масҳсулотҳои хушсифати ватаниро бо тахфифи 30 фоиз нисбат ба бозорҳои дохили шаҳр харидорӣ намоянд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои “Тоҷикистон“