Пас аз ҷамъбасту натиҷагирии даври якуми омӯзиш, ки он аз аввали моҳи январ то охири моҳи майи соли равон ба таври назариявӣ ва ҳам амалан дар пойгоҳи тамоми ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷараён дошт, хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа нимсолаи дуюми соли таҳсили 2023-ро тибқи Нақшаи ягонаи Вазорати мудофиа, нақшаи тайёрии Қувваҳои Мусаллаҳ ва нишондоди ташкилӣ — методии Ситоди генералӣ бо баргузории чорабиниҳои тантанвӣ ва муаррифии барномаҳои пешбинигардидаи ҳафтаи аввали хониш оғоз намуданд.
Тавре аз Вазорати мудофиа хабар медиҳад, Ба ин муносибат дар толори Вазорати мудофиа бо иштироки ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ ва Ситоди генералӣ ва дар маҷмӯъ дар пойгоҳи тамоми қисму воҳидҳои ҳарбӣ ҷамъомади таълимӣ доир гардид. Ҷараёни баргузории ин чорабиниро дар Вазорати мудофиа шахсони масъули ин ниҳоди қудратии кишвар оғози расмӣ бахшида, вобаста ба ташкили таёрии амалиётӣ, сафарбарӣ, ҷангӣ ва таъмини хизмати қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбӣ дар тамоми ҷузъу томи ин ниҳоди қудратӣ барои ин давраи таҳсил ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Инчунин аз ҷониби масъулин самтҳои гуногуни фаъолият дар ин ниҳоди қудратӣ, волоияту қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ, сатҳи тайёрии доимии ҳайатии шахсӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва омодабошии ҷанги ҷузъу том дар нимсолаи аввали соли 2023, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Баромадкунандагон сатҳу сифати машғулиятҳои таълимиро дар давраи сипаригардидаи таҳсил аз ҳамаи фанҳои низомӣ натиҷагирӣ намуда, зимнан ташкилу гузаронидани чорабиниҳои ҳарбӣ ва ҷамъомадҳои методӣ-таълимиро бо ҷалби афсарони масъули ҷузъу том омили муҳиму саривақтии амалишавии ҳадафҳои муносиб дар ин самт арзёбӣ карданд.
Сипас, баъд аз анҷоми ҷамъомади тантанавӣ ҳайати шахсии Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генралии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар доираи дастуру нақшаҳои таҳиягардида ба ин даври таҳсил дар нуқтаҳои таълимӣ ба дарсҳои кушод аз фанҳои тахассусӣ ва омӯзиши дигар машғулиятҳои муаяншуда ҷалб гардиданд, ки он амалан дар пойгоҳи яке аз қисмҳои ҳарбии тобеи Вазорати мудофиа ташкилу ба роҳ монда шуд.
Дар нуқтаҳои васеи таълимӣ ва шаҳраки қаравулӣ ҳайати шахсӣ ба машғулиятҳои низомӣ ҷалб гардиданд. Риояи дақиқи талаботи бехатарӣ дар рафти хизмати ҳамарӯза, зимни пешбурдани наряди шабонарӯзӣ, иштирок дар машғулиятҳои варзишиву тамрини ҷисмонӣ, ҳангмои кор бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ, мина ва дигар моддаҳои таркандаи хатарнок, пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши сухтор, дар ҳолатҳои зарурӣ тартиби ташкил ва дуруст роҳандозӣ намудани ёрии аввалини тиббӣ ва дигар мавзуву масъалаҳои монанд ба ин, самти дигари машғулиятҳои рӯзи аввали ҳафтаи таълимӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар ин баробар оғози даври дуюми таҳсил дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро афсарону сарбозони Полки таъминотӣ ва идоракунӣ ва дар маҷмӯъ тамоми қисму воҳидҳои низомии ин сохтори қудратӣ бо омодагии баланди касбӣ ва ташкили ҷамъомади тантанавӣ оғоз намуданд.
Зимни ҷараёни ин ҷамъомад дар Полки таъминотӣ ва идоракунӣ Ситоди генералӣ шахсони масъули Вазорати мудофиа ва роҳбарияти қисми ҳарбӣ дар назди ҳайати шахсӣ баромад намуда, ба онҳо таъкид карданд, ки дар раванди машғулиятҳои даври навбатии таҳсил аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ин давраи таълимиро бо омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ ва дар заминаи донишҳои баланди касбиву интизоми намунавии ҳарбӣ, ки он асоси омодабошии ҷангии Артишро ташкил медиҳад, сипарӣ намоянд.
Машғулиятҳои таълимиву таҷрибавии ҳайати отделенияҳо, взводу ротаҳо, баталионҳо ва дигар ҷузъу том бо фарогирии соатҳои мухталифи дарсӣ дар доираи ҷадвали машғӯлиятҳову барномаҳои мукаммали таълимӣ вобаста ба ҳадафу таъинот дар нуқтаҳои гуногуни таълимӣ ва бо намоиши силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҷангӣ, аёниятҳои дарсӣ ва таҷҳизоти лозима ба машғӯлиятҳои ин даври омӯзиш роҳандозӣ гардид.
Дар ҳар як нуқтаи таълмӣ роҳабарони машғулиятҳо мавзӯъҳои рӯзи аввали таҳсилро оид ба рияои қойидаҳои бехатарӣ дар раванди таълим ва фаъолияти ҳамарӯза ташкилу роҳандозӣ намуда, иҷрои дакқиқу саривақтии ҳамагуна талаботи заруриро барои хизматчиёни ҳарбӣ муҳиму аввалиндараҷа арзёбӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиву аҳамияти стратегӣ ва таъиноти ҳар як навъи қӯшун дар пойгоҳи қисму воҳидҳои ҳарбӣ шароити мусоид ба хизмат фароҳам оварда шуда, нуқтаҳои нигоҳдории силоҳу муҳимот, шаҳракҳои тактикиву оташфишонӣ, синфхонаҳои таълимӣ, истгоҳҳои техникӣ ва дигар нуқтаҳои таълимиву маишии зарурӣ ба даври дуюми омӯзиши хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати хуби омодабош қарор доранд, ки он ба ташкили ҳамагуна машғулиятҳо мусоид мебошад.