Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи байналмилалии оила ҷиҳати баррасии масоили масъулияти оила дар камолоти маънавии фарзанд бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, устоду донишҷӯёни Муассисаҳои давлатии Маркази таълими “Чароғи ҳидоят”, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мизи мудаввар таҳти унвони “Оила -макони камолоти маънавии инсон” доир гардид.
Раиси Кумита Қурбонзода Ҳилолбӣ ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки оила зинаи иҷтимоишавии шахс буда, маҳз дар ҳамин муҳит инсон ба шинохти ҷомеа мушарраф мегардад. Оила мактаби аввалини зиндагӣ аст, ки пойдориву солими ҷомеа аз он сарчашма мегирад. Ҳамчунин дар мизи мудаввар намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Сабоҳат Рустамова мудири бахши иттилоотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ, аксияву озмунҳои маърифатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила ба баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, таҳкими муносибатҳои оилавӣ, фаъолгардонии нақши занону модарон дар таълиму тарбияи комили фарзанд, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ, фароҳам овардани имкониятҳои равониву ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, дастгирии оилаҳои ҷавон,арҷ гузоштан ба расму оинҳои миллии оиладорӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва дигар омилҳои номатлуби ба муносибатҳои хонаводагӣ таъсиррасон мусоидат менамоянд. Мавриди зикр аст, ки Давлату ҳукумат, ки ҳифзкунандаи оила буда ба солимиву пойдории он аҳмияти хоса равон мекунанд, дар ин радиф мунтазам тадбирҳои судмандеро роҳандозӣ менамояд.
Иноятова Ширин,
Радиои Точикистон