Аз 27 март дар 6 ноҳияи ҷумҳурӣ – Дарвоз, Кӯҳистони Мастчоҳ, Сангвор, Ховалинг, Балҷувон ва Ишкошим нуқтаҳои бақайдгирии сайёр ба фаъолият оғоз намуданд. Муҳлати фаъолияти нуқтаҳои мазкур давоми ду ҳафта ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 2000 хатмкунандаи ин ноҳияҳо тавассути онҳо метавонанд аз қайди расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази мазкур иттилоъ додааст.
Инчунин давоми моҳи март дар 6 шаҳру ноҳияи дигари ҷумҳурӣ, аз ҷумла Роғун, Тоҷикобод, Нуробод, Шаҳристон, Роштқалъа, Рӯшон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр фаъолият карданд, ки зиёда аз 3000 хатмкунанда дар заминаи синфҳои 9 ва 11 дар онҳо ба қайд гирифта шуд.
Тибқи нақшаи фаъолияти Марказ, давоми моҳи апрели соли 2023 боз дар 3 ноҳияи дигари ҷумҳурӣ: Лахш, Ванҷ, Мурғоб нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис дода мешаванд.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли равон аз 1 март ба роҳ монд. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ амал намекунанд, нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис дода шудаанд. Марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ то 30 апрел муқаррар гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи нақша дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 дар 44 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи бақайдгирии доимамалкунанда бо теъдоди 152 истгоҳи корӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода шудаанд, ки дар умум 59 шаҳру ноҳияро фаро мегиранд. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.