Баргузории Рӯзи “Дарҳои боз” дар Китобхонаи миллӣ

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи “Дарҳои боз” баргузор гардид, ки дар он китобҳои тозанашри шӯъбаҳои Китобхонаи миллӣ, асарҳои рассомӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ин чорабинӣ кормандони вазорату идораҳои кишвар ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва берун аз шаҳр иштирок намуданд.

Дар оғози Рӯзи “Дарҳои боз” директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Ҷумахон Файзализода суханронӣ намуда, қайд кард, ки китоб дар муаррифӣ намудани халқҳо, баланд бардоштани савияи дониш ва бедор намудани илҳом баҳри эҷоди асарҳои дигар, нақши муассир дорад. Ҳамчунин дар назди бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиш – фуруши китобҳои тозанашри нашрияи “Адиб” ва симкортҳои мобилӣ аз ширкатҳои Вавилон, Тисел, О – мобайл, доир карда шуд. Тавре Дониёрова Шаҳноза корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз баргузор намудани Рӯзи “Дарҳои боз” ин ҷалб бештари шаҳрвандони кишварамон нисбат ба китобхонӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки Рӯзи “Дарҳои боз” дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар як сол ду маротиба баргузор карда мешавад. Наргиси Ҷумахон корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон зимни суҳбат бо мо гуфт, ки баргузории ин чорабини барои муаррифӣ намудани китобҳои тозанашр ва дигар махзанҳои илмии китобхона, мусоидат менамояд.

Дар намоиши Рӯзи “Дарҳои боз” китобҳо ба гуруҳҳои китобҳои бачагона, адабиёти ҷаҳон, қомус ва луғатҳо, китобҳои библиографӣ ва техникӣ ҷудо карда шуданд. Фарзона Раҷабализода корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳои шуъбаи техникии китобхонаро ба намоиш гузошта, китобҳои тозанашрӣ илмҳои техникиро ба меҳмонон муаррифӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи “Дарҳои боз” аз 30 – юм то 31 – уми март идома ёфта, дар он китобҳои тозанашри шуъбаҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, асарҳои рассомӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода мешвад. Мақсад аз баргузории Рӯзи “Дарҳои боз” ин нишон додани фарҳанги деринаи китобдории миллати тоҷик, ҷалби намудани ҷавонону наврасон ба китобхонӣ, бедор намудани завқи рассомӣ ва арҷ гузотан ба ҳунарҳои миллии дастӣ мебошад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”