Ба ифтихори “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 апрели соли ҷорӣ озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин мақоларо дар мавзӯи “Ҳифзи мероси таърихӣ -вазифаи ҳар яки мост!” эълон мекунад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳифзи мероси таърихӣ – вазифаи ҳар яки мост!» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат дар самти ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва пос доштани фарҳанги тоҷикӣ баргузор карда мешавад. Дар Озмун шаҳрвандони аз 18 сола боло новобаста аз касбу кор ва машғулият метавонанд иштирок намоянд.
Озмуни мазкур миёни шаҳрвандони касбу кори гуногун баргузор карда мешавад.
Шартҳои озмун:
-Ҳар як иштирокчии озмун ҳангоми пешниҳод намудани мақола акси рангаи андозааш 3х4-ро замима намояд.
-Ҳаҷми мақола на камтар аз 3 саҳифаи чопии бо андозаи А4 (ҳуруфи Times New Roman Tj 14 бо истифодаи алифбои тоҷикӣ)-ро ташкил намояд.
– Мақолаҳо метавонанд оид ба ягон ёдгории таърихӣ ё мероси фарҳангӣ бошад ва ё умумӣ дар бораи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳифзу муаррифии он бошад.
– Дарҷи андешаҳои олимони ҷаҳонӣ дар бораи таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва объектҳои таърихӣ дар мақолаҳои пешниҳодгардида ба инобат гирифта мешаванд.
Плагиати маводҳо бо иштироки мутахассисон ва олимони соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ санҷида мешавад.
Ғолибон бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, ҳамаи мақолаҳои ба озмун пешниҳодгардида баъди анҷоми чорабиниҳо таҳрир гардида, бо акси муаллифонашон дар шакли китоб омода ва чоп мегардад.
Қабули Маводҳо то 10 апрели соли 2023 соати 17:00.
ИШТИРОКЧИЁН МЕТАВОНАНД МАВОДУ МАТЛАБ ВА МАҚОЛАҲОИ ХУДРО БА СУРОҒАҲОИ ЗЕРИН ИРСОЛ НАМОЯНД
#Суроға: Вазорати фарҳанги ҶТ. Кӯчаи Рӯдакӣ 34.
@ shubaihifz@gmail.com @ onlineandesha@gmail.com
Вотсап: +992205459696, +992007228486 Телеграмм: +992988655558.
Телефон барои тамос ва маълумоти муфассал: 2210200. 555550932. 88787969