Тими мунтахаби Тоҷикистон имрӯз бо тими миллии Қувайт бозии дӯстона анҷом медиҳад

Имрӯз, 28-уми март дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бо тими миллии Қувайт бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Рақобати дастаҳо дар Варзишгоҳи байналмилалии Ҷобир Ал-Аҳмади шаҳри Ал-Қувайт баргузор мешавад.

Қаблан ин мунтахабҳо як маротиба 6-декабри соли 2004 дар доираи бозии дӯстона дар Ал-Қувайт рақобат намуда буданд. Ин вохӯрӣ бо натиҷаи 3:0 бо пирӯзии дастаи Қувайт анҷом ёфта буд.