Дар вилояти Ҳатайи Туркия ду заминларзаи нав рӯх дод. Тавре Агентии иттилоотии “Анадолу” дар такя ба маълумоти Идораи ҳолатҳои изтирории Туркия хабар додааст, заминларзаҳои навбатӣ бо қувваи 6,4 ва 5,8 бал сар зада, дар пай хисороти моливу ҷонӣ гузошт. Фосилаи заминларзаҳо17 дақиқаро ташкил намудааст.
Гуфта мешавад, ки дар пайи ин офати табиӣ 6 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 300 нафари дигар маҷруҳ гардидаанд. Вазири тандурустии Туркия Фаҳреттин Коҷа дар Твиттер навиштааст, ки маҷруҳонро ба беморхонаҳо интиқол дода истодаанд. Ба навиштаи вазир вазъи саломатии бархе аз маҷруҳон вазнин аст. Аз ин хотир эҳтимол аст, ки теъдоди қурбониён афзоиш ёбад. Ҳамзамон, дар натиҷаи таконхурии замин дар Сурия 5 нафар ба ҳалокат расида, 130 нафари дигар маҷруҳ гардиданд ва даҳо биное, ки дар заминларзаи қаблӣ қисман хароб гардида буданд, пурра фуру рехтанд.
Инчунин заминларза дар Миср, Исроил, Кипр ва Лубнон низ эҳсос карда шудааст. Мақомот аз хатари сунамӣ хабар дода, аз сокинони ин вилоят хостанд, ки аз баҳр дурӣ ҷӯянд. Ба гуфтаи коршиносон, заминларзаҳои феълиро пасларза номидан мумкин нест ва ба эҳтимоли зиёд зилзилаҳои нав низ эҳтимол аст, ки рух диҳанд Агентии иттилооти рейтерс дар такя ба маълумоти шоҳидони айнӣ хабар додааст, ки хисороти бештаре ба сохтмонҳо дар шаҳри Антакияи вилояти Ҳатай расидааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми феврал дар Туркия заминларзаи шадид бо қувваи 7,8 бал рӯх дода буд, ки бар асари он 46 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 100 000 нафари дигар маҷруҳ гардидаанд. Аз он вақт инҷониб мақомоти Туркия беш аз 6000 пасларзаро сабт кардаанд. То ба ҳол амалиёти ҷустуҷӯӣ – наҷотдиҳӣ ва бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовар дар Туркия ва Сурия идома доранд. Ба иттилои манбаъ, теъдоди фавтидагон эхтимол боз ҳам афзоиш ёбад. Зеро вазъи саломатии аксари маҷруҳон вазнин арзёбӣ мешавад ва инчунин ҷасади садҳо нафари дигар аз зери харобаҳо то ба ҳол пайдо нашудааст.
Тибқи гузориши расонаҳои маҳаллӣ дар Туркия даҳо ҳазор бинои истиқоматӣ ва дигар иншоот хароб гардидааст. Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия хабар медиҳад, ки беш аз 206 000 хайма ба минтақаҳои зарардида барои осебдидагон дастрас карда шудааст, ки дар 155 000 тои он сокинон ҷойгир карда шудаанд. Дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида қариб 35,5 ҳазор нафар наҷотдиҳандагон ва мутахассисон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд.
Баҳруллои М
радиои “Тоҷикистон”