Дар самти истеҳсоли маводи дору ва молҳои тиббӣ табибони Тоҷикистон ва Эрон табодули таҷриба намуданд

​Як гурӯҳ мутахассисони кишвар бо шумули намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд.

Тавре Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳол хабар додааст, ҳадафи асосии ​ сафари намояндагони Тоҷикистон-ин пеш аз ҳама шиносоӣ пайдо намудан бо истеҳсолкунандагони маводи дору ва молҳои тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва боздид аз майдончаҳои истеҳсолии онҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорати ду кишвар ва дар ин замина афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон ва таъсиси корхонаҳои муштарак маҳсуб меёбад.

Аз ҷумла дар доираи сафари корӣ роҳбарони 5 ширкати истеҳсолии ватанӣ бо мақсади омӯзиши таҷрибаи истеҳсолии ширкатҳои эронӣ ва ба роҳ мондани он дар истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби ширкатҳои эронӣ барои ташкили корхонаҳои муштарак ва сармоягузорӣ, таҷрибаи истифодаи васеи гиёҳҳои шифобахш ҳамчун манбаи хоми доруворӣ ба ин кишвар сафар намуданд.

Гуфта мешавад, дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон миёни ду кишвар ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар ҳоли густаришёбӣ қарор доранд.