21 январ дар доираи сафари соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон ба вилояти Суғд дар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд вохӯрии соҳибкорон ва кишоварзони вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати вилоят хабар додааст.
Дар вохӯрӣ ба соҳибкорони қазоқ доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ, маҳсулоти кишоварзии дар вилоят истеҳсолшаванда, содироти маҳсулот маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Қазоқистон серхаридор аст ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар метавонанд барои содироти маҳсулоти полезӣ, меваи хушку тар ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкониятҳои тиҷорати мутақобила, ташкили содироти маҳсулотро баррасӣ намуданд.
Бо мақсади ба роҳ мондани содироти маҳусулоти кишоварзӣ ба Қазоқистон миёни ҶДММ “Зардолу ва К” ва ҶДММ “Скиф Трейд”, ҶДММ “Меваб сабзавот” ва ҶДММ “Lion Fruit”, ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” ва ҶДММ “Umay Agro Impex”, ҶДММ “Агробиёхим” ва ҶДММ “Скиф Трейд” шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.