Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзии низомсозро барои соли 2023 муайян намудааст.
Ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2023, таҳти №7, мутобиқи банди 16 “Қоидаҳои муайян намудани ташкилотҳои қарзии низомсоз” рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсоз ва ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Ба ин тартиб, БДА ҶТ “Амонатбонк” бо меъёри ҷамъбастии 24,27, ҶСК “Ориёнбонк” бо меъёри ҷамъбастии 20,06 ва ҶСК “Бонки Эсхата” бо меъёри ҷамъбастии 14,39 дар сегона қарор гирифта, ҳамчун ташкилотҳои қарзии низомсоз эътироф шуданд. ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” бо меъёрии ҷамъбастии 5,17 Ташкилоти қарзии эҳтимолӣ ба қатори ташкилоти қарзии эҳтимолӣ ворид шуд.
Тавре манбаъ шарҳ додааст, ба ташкилотҳои қарзии эҳтимолӣ ташкилотҳое дохил мегарданд, ки аз рӯи баҳодиҳии навбатӣ метавонанд ташкилоти қарзии низомсоз эътироф шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯйхати мазкур соле як маротиба таҳия гардида, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва маҷаллаи “Бонкдорӣ Тараққиёт Ҷаҳонишавӣ” нашр карда мешавад.