Озмоишгоҳи миллии референсӣ беш аз 11 ҳазор ташхиси ройгон гузаронидааст

Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” дар самти дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, давоми соли 2022 ба 2428 нафар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи 154 376 сомонӣ ба тариқи ройгон беш аз 11 ҳазор ташхисҳои озмоишгоҳӣ  гузаронидааст.

Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо истинод ба иттилои , директор Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии референсӣ” хабар додааст. ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамзамон Баҳодур Холназар иброз доштааст, ки дар ин давра ба 423 нафар бошандагони Муассисаи давлатии “Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюб “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб” низ 191 ташхиси умумии хун, 153 ташхиси умумии пешоб, 79 ташхиси умумии фазла ба тариқи ройгон гузаронида  шуд.

Бино ба маълумоти манбаъ, дар озмоишгоҳи мазкур тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шуда,  таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки ташхисҳои ниҳоят дақиқ бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ ба мизоҷон пешниҳод гардад. Ҳамзамон, вазифаи Озмоишгоҳи миллии референсӣ аз гузаронидани баҳодиҳии сифати тамоми озмоишҳои клиникӣ, биокимиёвӣ, иммунологӣ, бактериологӣ ва вирусологӣ иборат  мебошад.