Гулонора Ҳасанзода, директори Агентии омори назди Президенти мамлакат зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон гуфт, ки дар шашмоҳа якуми соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бақайгирии шахсони фатида 11 дарсад зиёд шудааст.
Шумораи умумии фавткардаҳо 18,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ишора ба зиёд шудани ҳолатҳои фавт гуфта шуд, ки дар ш. Душанбе 34,6, дар Вилояти Хатлон 11, 6, дар НТМ 11, 9,дар ВМКБ 6, 4 ва дар Вилояти Суғд 4,9 дарсад дар муқоиса бештар ҷони худро аз даст додаанд.
Ҳамчунин дар мақомоти сабтҳои ҳолати асноди шаҳрвандии мамлакат 30 ҳазор акди никоҳ сабт шудааст, ки ин нисбат ба нимсолаи муқоисавӣ 10, 5 кам мебошад. Ҷудошавии оилаҳо бошад 5 ҳазор 498 воҳидро ташкил додааст, ки нисбат ба нимсолаи соли сипаришуда камтар аст.
Саъдӣ Ғоибов
Радиои “Тоҷикистон”