Содироти маваю сабзавот бо вуҷуди пандемияи КОВИД 19 афзоиш ёфтааст

Ин нукта дар нишасти матуботии Хадамоти гумрук зикр гардида, гуфта шуд, ки  таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки содироти меваю сабзавот нисбат ба нимсолаи аввали соли 2019 ба миқдори 24 ҳазору 219 тонна ва ё ба маблағи 3, 8 млн афзоиш ёфтааст. Ин нишондод натиҷаи вусъат ёфтани боғу токпарварӣ дар кишвар ва зиёд шудани маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Хуршед Каримзода, директори Хадамоти гумрук зимни нишасти ниҳодаш афзуд, ки  ҳамзамон дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ  гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ ба 2 миллиарду  44, 9 миллион доллар баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузшата ба маблағи  59, 9 млн доллар ё 2, 4 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳамин давраи  соли 2019 гардиши савдои хориҷӣ 2 миллиарду  94 миллион долларро ташкил дода буд.

Гуфта шуд, ки дар содироти молҳои ватанӣ вазини асосиро санг ва консентратҳо ташкил дода, 90, 2 млн доллар ё  14 фоизро аз ҳаҷми умумӣ  мебошад.

Аз маҷмуи гардиши савдои хориҷӣ  640,7 млн доллар ҳиссаи содиротӣ буда, аз ин ҳисоб  21, 3 фоиз 136, 6 млн  ба кишварҳои хориҷи наздик ва 78, 7 фоиз ё 504, 1 млн доллар ба давлатҳои  хориҷи дур рост меояд.

Кишварҳои асосии қабулкунандаи молҳои ватанӣ  дар ин нимсола   асосан Туркия ( 16,3 %), Қазоқистон (13,3%) Афғонистон (6,2%),Узбекистон (4,4%) Чин (2,7%), Русия (2,6%) мебошанд.

Аз хабарномаи Хадамоти гумрук бармеояд, ки дар ин нимсола Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо 106 мамламкати ҷаҳон  амалиёти воридотию содиротӣ  анҷом додааст.

Машраби Холмаҳмад

Радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *