Суғд наздик ба як миллион тонна ангишт истихроҷ намуд

Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар вилояти Суғд аз аввали соли 2022 ба 939,7 ҳазор тонна расидааст.

Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, ин миқдор дар вилояти Суғд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45,3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

“Имсол дар вилоят зиёда аз 200 адад нуқтаҳои доимӣ ва 350 нуқтаи сайёри фурӯши ангишт фаъолият намуда, ниёзи мардумро қонеъ мегардонанд”, – қайд кардааст мақомоти Суғд.

Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, дар вилоят қариб 400 нуқтаи доимӣ ва 6 нуқтаи сайёри фурӯши гази моеъ мавҷуданд. Ҳоло захиракунии ангишт ва ҳезум дар муассисаю ташкилоти вилоят идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки нақшаи пешбинишударо таъмин намуда, ҳаҷми захираи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро дар анборҳои яхдондор зиёд намоянд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ дар 8 моҳи имсол дар Тоҷикистон беш аз 1 миллиону 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,7 ҳазор тонна зиёд аст.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 14 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият доранд, ки дар онҳо қариб 2000 нафар мутахассисон кор мекунанд. То охири соли 2022 дар ҷумҳурӣ истихроҷи 2,7 миллион тонна ангишт дар назар аст.