Сохтмони корхонаи тавлиди гӯгирд дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар ҷараён дорад. Корхонаи мазкур дар моҳҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Ба нақли вебгоҳи “Фараж” дар такя ба бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Бохтар, корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз сӯйи соҳибкори ватанӣ Марҳамат Давронова дар масоҳати 0.4 гектар бунёд мегардад.
“Фаъолияти корхона дар як баст ба роҳ монда шуда , 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд”, – хабар додааст манбаъ.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки дар корхона ду хати муосиртарини технологӣ аз Русия ва Чин дастрас ва васлу насб карда шуданд.
Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
“Корхона тибқи нақша дар як шабонарӯз 300 қуттии калони гӯгирд истеҳсол мекунад. Иқдори солонаи корхона 110 ҳазор дона қуттии калон буда, бо дарназардошти талаботи бозор имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд мебошад”, – афзудааст манбаъ.
Зикр шудааст, ки ашёи хом барои истеҳсоли гӯгирд аз Русия ворид мешавад.
Гуфта мешавад, аввалин корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли гӯгирд машғул мешавад. Корхона дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ дода, бо таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти гугирдро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ хоҳад монд.