Танҳо дар соли 2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст.
Имрӯз, яъне 1-уми сентябр қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафар наврасони кишвар, аз ҷумла беш аз 1 миллиону 110 ҳазор духтарон дар муассисаҳои таълимӣ ба дарс оғоз карданд, ки 272 ҳазори онҳо (133 ҳазор духтарон) бори нахуст ба остонаи мактаб қадам гузоштанд.
Дар зарфи 31 сол барои соҳиби саводу маърифат ва илму дониш гардонидани наслҳои наврас ба маблағи 434 миллион сомонӣ зиёда аз 735 номгӯй китобҳои дарсӣ бо шумораи умумии 50 миллион нусха нашр гардид.
Соли 2022 ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 706 миллион сомонӣ ё ин ки 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Барои соҳа, дар маҷмӯъ, қариб 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Бояд сохтори идоракунии низоми таҳсилоти олии касбӣ такмил дода, барои татбиқи усулҳои нави таълим тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тайёр кардани касбҳои коргарӣ то охири соли ҷорӣ сохтори алоҳидаи идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро ташкил диҳад.
Ба Вазорати тандурустӣ ва дигар сохтору мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки супориш дода мешавад, ки пешниҳоду хулосаҳои худро доир ба таъсиси Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои кӯдакона ва беҳтар ба роҳ мондани Маркази илмию клиникии педиатерия ва ҷарроҳии кӯдакона ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Зарурат пеш омадааст, ки пажӯҳишгоҳи тиббӣ-вирусологӣ таъсис дода шавад.
Имрӯз дар кишвар дар 53 корхона истеҳсоли зиёда аз 308 номгӯйи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Дар се соли охир ба маблағи 152 миллион сомонӣ маводи аз растаниҳои шифобахш истеҳсолшуда ва дорувории истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст