АДИБОНИ ТОҶИК ДАР АНТОЛОГИЯИ НАЗМИ МУОСИРИ ҶАҲОНӢ

Антологияи назми муосири ҷаҳонӣ таҳти унвони “Замин-хонаи умумии мост” дар чаҳорчӯбаи ҷашнвораи байналмилалии “Соҳилҳои дӯстӣ” дар шаҳри Таганроги Русия нашр шуд.

Дар ин китоб осори шоирону нависандагони муосири Русия, Украина, Беларус, Фаронса, Колумбия, Британияи Кабир, Финландия, Босния ва Ҳерсеговина, Чин, Ҳиндустон, Ветнам, Гана, Италия, Бангладеш, Туркия, Сербия, Черногория, Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Киргизистон ва ғайра ҷой дода шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ин китоб аз Тоҷикистон чакидаҳои хомаи ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози миллии Ҳаракати ҷаҳонии шеър «Дунёи бе девор» (WPM) Абдуқаҳҳори Қосим, адибони маҳбуб, устодон: Рустами Ваҳҳоб, Салими Зарафшонфар, Луқмон Толибӣ, Раҳматзод Баҳромӣ ҷой дода шудаанд, ки муаррифи адабиёти муосири тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки китоб бо дастгирии машваратии факултаи забонҳои хориҷӣ ва директори филиали Донишкадаи Таганрог ба номи А.П.Чехов, Муассисаи федералии давлатии таълимии буҷетии таҳсилоти олии “Донишгоҳи давлатии иқтисодии Ростов (РИНХ)”, доктори илмҳои сиёсӣ, номзади илмҳои филология, депутати Думаи ҳукумати шаҳри Таганрог даъвати VII Андрей Юрьевич Голобородко нашр шудааст. Маводи китоб дар раванди таълимии сатҳи тањсилоти миёнаи умумӣ дар татбиқи қисмати минтақавӣ, инчунин дар равандҳои таълимӣ ва илмии таҳсилоти олӣ амалан истифода бурда мешавад.

МУАЛЛИФИ ҒОЯ ВА МУАССИСИ УМУМИИ ЛОИҲА:

Терехин Вадим Федорович –  ходими ҷамъиятӣ, ҳамраиси Иттифоқи нависандагони Русия,узви шӯрои координатсионии байналхалқии Ҳаракати ҷаҳонии шеъри «Дунёи бе девор» (WPM) 

РОҲБАРОНИ ЛОИҲА: Гаврилович Владимир Николаевич, Север Леонид Юрйевич